Хаким Абулкосим Фирдавси (форси: حکیم ابوالقاسم منصور حسن فردوسی توسی; зодаи 935 — даргузашта 1020 ё 1026 дар Тус, Хуросон, Эрон) – сухансарои номии Эронзамин ва сарояндаи «Шохнома» – хамосаи миллии мардуми эронитабор ва яке аз бузургтарин шоъирони порсигуй аст.

Абулқосим лақаб ва Фирдавсӣ тахаллуси шоир аст. Вай 18 декабри соли 932 таваллуд шудааст. Волидон ӯро Мансур ном ниҳода буданд. Зодгоҳи ӯ деҳаи Божи ноҳияи Табарони вилояти Тӯс будааст, ки ҳоло ба вилояти Хуросони Эрон дохил мешавад. Бож деҳе бузург буда, аз он, ба қавли Низомии Арӯзии Самарқандӣ (асри XII), ҳазор мард берун меомадааст. Падари Фирдавсӣ Ҳасан ном дошт ва аз деҳгонон (деҳқонон)-и Тӯс  ба ҳисоб мерафт. Дар он замон табақаи давлатманду заминдор ва аъёну ашрофро деҳқон мегуфтанд. Бинобар ин шароити моддӣ имкон дод, ки Мансури ҷавон ба таҳсили илмҳои гуногун пардозад ва маълумоти хубе гирад. Аз Шоҳнома пайдост, ки Фирдавсӣ ғайр аз забони форсии модариаш боз аз забонҳои арабӣ ва паҳлавӣ огоҳии комил доштааст. Адабиёти форсиву арабӣ, таърих, илоҳиёт, ҳикмат (фалсафа) ва амсоли инҳоро хуб медонистааст. Баъдан, ӯро бо унвони ифтихории Ҳаким ёд кардан гувоҳи он аст, ки Фирдавсӣ то ба дараҷаи донишманди забардасте расидааст.