Абуали Хусайн ибни Абдуллох ибни Сино ё Абу Али Сино ё Ависенна, машхур ба Абуали Сино Ибни Сино, (16 августи 980, дехаи Афшана наздики Бухоро — 18 июни 1037, Хамадон) - яке аз бузургтарин донишмандон ва пизишкони замони худ аст. Хамчунин ахтаршинос - астроном, химик, геолог, олими мантик, палеонтолог, математик, физик, шоир, равоншинос (психолог), файласуф, табиатшинос, муаллим ва адиби бузурги исломии форсу-точик аст.

Вай беш аз 450 рисолаи илми навиштааст, ки то замони мо танхо 240-то аз он махфуз мондаанд. Ин рисолахо тамоми сохахои илмро фарохам гирифта, хусусан, 150-тояшон дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар дар илми пизишки хастанд. Маъруфтарин асархои у китобхои "Ал-Шифо" ва "Конун" хастанд, ки аз бузуртарин донишномахои илми ва фалсафии чахон буда ва дар донишгоххои Аврупо то асри 19 истифода бурда шудаанд.

Абуали Сино дар рушди илми тибб сахми бенихоят арзандае гузоштааст, ки аз тачрибахои худ, тибби исломи, илми пизишкии олими грек Гален, метафизикаи Арасту (Сино яке аз шархдихандагони асосии Арасту буд), илми пизишкии Форс, Байнаннахрайн ва Хиндикадима сарчашма гирифта, онхоро хамчоя андухтааст. Сино хамчу падари тибби замонави ва фармакологияи клиники ба хисоб меравад.